Аз 11 август тақсимоти такрории довталабон оғоз мешавад
Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 11 то 13 август тақсимоти такрории довталабон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор мегардад.
Дар ин давр танҳо довталабоне метавонанд иштирок кунанд, ки дар тақсимоти асосӣ соҳиби ҷой нашудаанд.
Тақсимоти такрорӣ аз рӯи ҷойҳои холимонда ва ё ҷойҳое, ки пас аз ҳозир нашудани донишҷӯёни қабулшуда холӣ мондаанд, анҷом дода мешавад.
Ба иттилои ММТ, барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ супоридани имтиҳони нав лозим нест.
Тақсимот бар асоси холҳои қаблан бадастовардаи довталабон сурат мегирад.
Барои сабти номи такрорӣ довталабон бояд дар мӯҳлати муқарраршуда бо шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд (барои хатмкунандагони синфи 9), инчунин варақаи бақайдгирӣ ё даъватнома ба нуқтаи бақайдгирии худ ҳозир шаванд.
Арзиши сабти ном 30 сомонӣ буда, натиҷаҳои тақсимот 17 август эълон хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ