Мусодираи 995 кило гӯшти бесифат дар Хуҷанд (видео)
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хуҷанд аз мусодираи 995 килограмм гӯшти гов, ки дар шароити ғайриқонунӣ ва зидди санитарӣ нигоҳдорӣ мешуд, хабар доданд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, маҳсулоти гӯштӣ аз манзили як сокини 40-солаи шаҳр, ки ба забҳ ва фурӯши чорво машғул будааст, дарёфт шудааст.
Тафтишот нишон додааст, ки гӯшт бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарӣ дар ҷойҳое нигоҳдорӣ мешуд, ки барои ин мақсад пешбинӣ нашудаанд.
Ба гуфтаи мақомот, чунин маҳсулот метавонад ба саломатии истеъмолкунандагон хатар орад. Ҳамчунин муайян шудааст, ки дар раванди забҳи чорво аз меҳнати наврасони ноболиғ истифода мешуд.
Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, онҳо бидуни шартномаи меҳнатӣ ва дафтарчаи тиббӣ фаъолият мекарданд.
Нисбат ба соҳиби маҳсулот бо моддаи 209 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ