Искандар Усмонов – коргардоне, ки синамои иҷтимоиро ба сатҳи нав бардошт (видео)

Имрӯз, 6 июл зодрӯзи коргардони шинохтаи синамои тоҷик Искандар Усмонов аст. Ӯ соли 1971 ба дунё омада, яке аз чеҳраҳои намоёни синамои муосири Тоҷикистон ба шумор меравад.

Искандар Усмонов пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро ҳамчун коргардон ва муҳаррир дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои дохилию хориҷӣ оғоз кардааст. Аз солҳои 1990 ба ин сӯ дар рушди синамои миллӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Ӯ муаллиф ва коргардони даҳҳо филми мустанад ва бадеӣ буда, осораш борҳо дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардидааст.

Филмҳои «Ҳаром ва ҳалол», «Қарзи виҷдон», «Телеграмма», «Дар марз» ва «Гаҳвора», ки масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва арзишҳои инсондӯстиро инъикос мекунанд, аз ҷумлаи маъруфтарин корҳои эҷодии ӯ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75