Сафари ҳунармандони тоҷик ба 13 кишвари ҷаҳон дар 6 моҳ

Дар нимсолаи аввали соли 2026 аҳли фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ба 13 кишвари ҷаҳон 31 сафари эҷодӣ анҷом дода, дар фестивалу рӯзҳои фарҳангӣ ширкат варзидаанд. Дар ин бора вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён субҳи имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вазир мегӯяд, ин сафарҳо ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат кардаанд.
Дар доираи ин сафарҳо Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Беларус ва Қирғизистон баргузор гардида, санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба имзо расидаанд.
Ба иттилои вазир, ҳамзамон дар кишвар 124 чорабинии фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуда, беш аз 50 суруду оҳанг ва рақсҳои нав таҳия ва пешниҳоди тамошобинон гардидааст.
Вазир таъкид кард, ки муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *