Ифтитоҳи аввалин KFC дар Бохтар
Имрӯз, 6 июли сол дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар аввалин тарабхонаи KFC кушода шуд.
Дар маросими ифтитоҳ Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва шаҳрдори Бохтар иштирок намуданд.
Тарабхонаи бренди байналмилалии KFC, ки дар Тоҷикистон ҳам муштариёни зиёд дорад, то ҳанӯз дар ин минтақаи кишвар фаъолият намекард.
Тарабхона аз ҷониби ҶДММ «Маззаи Нав», шарики расмии (франчайзи)-и бренди байналмилалии KFC дар Тоҷикистон, дар маҳаллаи Хайём шаҳри Бохтар ба фаъолият оғоз кардааст.
Тарабхона бо масоҳати 480 метри мураббаъ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии 10-ошёна ҷойгир аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ