Дар Русия қочоқи садҳо сангпушти нодир аз Тоҷикистон ошкор шуд

Мақомоти гумруки Русия як шаҳрванди ин кишварро бо гумони қочоқи 476 сангпушти нодир аз Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Ба иттилои Хадамоти гумруки Русия, ҳодиса дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав рух додааст. Гуфта мешавад, гумонбар кӯшиш доштааст сангпуштҳоро, ки арзиши онҳо тақрибан 3 миллион рубл арзёбӣ мешавад, бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз Тоҷикистон ба Русия ворид кунад.

Тибқи иттилои манбаъ, кормандони гумрук ҳангоми санҷиш аз мусофир ду қуттии дорои сангпуштҳоро дарёфт намудаанд. Ба гуфтаи мақомот, ӯ барои интиқоли ин ҳайвоноти нодир ягон ҳуҷҷати иҷозатномавӣ надоштааст.

Хадамоти гумрук мегӯяд, гумонбар ният доштааст, ки сангпуштҳоро тавассути интернет ба фурӯш барорад.

Вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Тибқи қонунгузории Русия, барои чунин ҷиноят то 5 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *