Исмоилзода: Рушди минтақаҳо ба таҳкиму дустии ду халқ мусоидат мекунад

20- сентябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он оид ба баргузории Конференсияи байниминтақавӣ дар мавзуъи “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикстону Ӯзбекистон” сухан рафт.

Ин конфронс рӯзҳои 18 -19 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд баргузор хоҳад гардид.

Дар ҷаласа намояндагон аз вазоратҳои саноат ва технологияиҳои нав, фарҳанг, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент иштирок доштанд.

Ҷаласаро муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон оғоз намуда, қайд намуд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон аст, ки дар натиҷаи амалисозии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обру ва нуфузи кишвари азизамон, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ руз аз руз боло рафта, ҳамкориҳо ва муносибатҳои дустонаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷии дуру наздик пурзур гардида истодааст. Дар таърихи ду давлати ҳамсоя боз як таҳаввулоти ҷадиде рӯи кор омад, ки бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Рӯзе фаро расид, ки ду халқи соҳибтамаддуну фарҳангсолор ва ҳамсоя дар фазои сулҳу дӯстӣ гарму самимӣ ҳамдигарро истиқбол гирифтанд. Ҳарду мардуми дӯсту ҳамсоя ин рӯзро 27 сол интизорӣ кашиданд ва ниҳоят ба орзуи деринтизори худ расиданд.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур намояндагони вазорату идораҳо фаъолона ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.

Намояндаи вазорати саноат пешниҳод намуд, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулотҳои саноатӣ 2 рӯз баргузор карда шавад.

Ҳамчунин аз ҷониби намояндаи вазорати фарҳанг пешниҳод карда шуд, ки дар лоиҳаи барнома тамошои  Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”- и шаҳри Панҷакент илова карда шавад.

Дар хотимаи ҷаласа муовини Раиси Кумита Исмоилзода Ёқуб Борон барои пешниҳодҳои ҷолиб ва ширкаткунандагони ҷаласа изҳори сипос намуд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *