Ҳисор: Муноқиша бо марг анҷомид

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор марди 61-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шарора дар он хусус муроҷиат намудааст, ки санаи 10-уми апрели соли 2018, тахминан соати 10:00-дақиқа, “Фарҳод” ном шахс писари 26-солаи ӯро аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди дар дасташ буда, ду маротиба ба қисмати чапи шикамаш задааст.

Дар натиҷа писараш ҷароҳати ванини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шарора бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *