Исроил масъулияти куштани Маҷид Ходимиро бар ӯҳда гирифт

Маҷид Ходимӣ, раиси Созмони иттилооти Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар натиҷаи як ҳамла ҷон бохтааст.

Дар ин бора Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон бо нашри як баёния хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, Ходимӣ субҳи рӯзи 6-уми апрел дар ҳамлаи муштарак аз сӯи Амрико ва Исроил кушта шудааст. Соате пас аз ин ҳодиса, Артиши Исроил низ масъулияти ҳамла ба кушта шудани Маҷид Ходимиро бар ӯҳда гирифта, изҳор дошт, ки амалиёт шаби якшанбе дар “қалби Теҳрон” анҷом дода шудааст.

Маҷид Ходимӣ соли гузашта, пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин вазифа таъин гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *