Ихроҷи ноболиғони хориҷӣ аз Алмаато баҳс барангехт
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Қазоқистон хабаре паҳн шудааст, ки гурӯҳе аз духтарони ноболиғи хориҷӣ бо қарори суд аз шаҳри Алмаато ихроҷ шудаанд.
Ба иттилои мақомоти милитсия, ин ноболиғон дар кӯчаҳои шаҳр рафтори хашмгинона нишон дода, аз роҳгузарон пул талаб мекардаанд. Дар ҳолатҳои рад шудани дархост, онҳо ба сӯи шаҳрвандон сангпартоӣ карда, инчунин ба дуздии ашёи шахсӣ даст мезадаанд.
Расонаҳои қазоқӣ иддао кардаанд, ки гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, волидони онҳо барои тарбияи нодурусти фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, худи ноболиғон аз қаламрави Қазоқистон хориҷ карда шудаанд.
Аммо, ба гуфтаи бархе шоҳидони воқеӣ, ин наврасон ба гурӯҳҳои лулиҳои Осиёи Марказӣ мансуб буда, ба Тоҷикистон рабте надоранд.
Ин қазия дар фазои иттилоотӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ