Сӯхтор дар бозори «Само»-и Ҳисор

Субҳи 6-уми апрел дар бозори “Само”-и шаҳри Ҳисор сӯхтор сар задааст.

Бино ба иттилои Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Тоҷикистон,  сӯхтор худуди соати 3:30 оғоз шуда, масоҳати васеъро фаро гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки сӯхтор беш аз ду соат давом карда, оташнишонҳо онро ҳудуди соати 5:50 хомӯш карданд.

Дар наворҳое, ки корбарон ба Pressa.tj ирсол карданд, алангаи оташи баланд  дида мешавад. Мақомоти сӯхторхомӯшкунӣ мегӯянд, масоҳати сӯхтор, сабаб ва хисороти он муайян карда мешавад. Аммо ба навиштаи корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, қисми зиёди бозор ба коми оташ рафтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *