302 ҳазор гул дар 3 моҳ. Бохтар сабз мешавад
Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар наздики 302 ҳазор гул ва 10 ҳазор дарахти гуногуни ороишӣ шинонида шуда, муҳити шаҳрро сабз ва зеботар кардааст.
Ҳошим Ҷурахонзода, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист гуфт, ки ин тадбирҳо барои беҳтар кардани вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон амалӣ мегарданд.
Нақшаи имсолаи гулшинонӣ дар шаҳр 453 ҳазор гул буда, шинонидани се ҳазор дарахти нодир ва мутобиқ ба иқлим низ дар назар аст.
Бохтар аз гармтарин минтақаҳои кишвар ба ҳисоб меравад ва афзоиш додани дарахтшинонӣ яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ