Ҷустуҷӯи тилло дар Фондарё бо фоҷиа анҷомид

Ду сокини ноҳияи Айнӣ дар Фондарё ғарқ шуданд. Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки ду сокини деҳаи Вотаи ноҳияи Айнӣ рӯзи 5-уми апрел бо мақсади ҷустуҷӯи тилло ба минтақаи хавфноки Фондарё рафтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки “бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми убур аз об, як нафари онҳо дар ҷараёни тези дарё ғарқ шудааст”.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамроҳи ӯ дар тарафи дигари соҳил дар ҳолати хатарнок дармонда, имкони баргаштанро наёфтааст. Ин шахсро наҷотдиҳандагони водии Зарафшон наҷот додаанд.

Ба иттилои КҲФ, ҷустуҷӯйи ҷасади нафари ғарқшуда то ҳол  дар дарёи Фон идома дорад.

КҲФ  ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки ҳангоми наздик шудан ба дарёҳои дорои ҷараёни тези об, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *