Оғози кишти пахта дар Хатлон
Чандест, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба кишти пахта шуруъ кардаанд. Давлаталӣ Саид, раиси вилоти Хатлон дар ба шаҳру ноҳияҳои пахтакор сафари корӣ намуда, дар кишти пумбадона иштирок карда истодааст.
Баҳодур Ҳасанзода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки нақшаи кишти пахта 124 ҳазору 500 гектар муайян гардидааст. У мегӯяд, дар шаҳру ноҳияҳое, ки нисбатан иқлими гарм доранд, аллакай хоҷагидорон пахта кишт кардаанд. Ба таъкиди ва то имрӯз, дар беш аз 13 ҳазору 400 гектар замин пахта кишт шудааст.
“Ба кишти пахтаи зери плёнка таваҷҷуҳ каме бештар шудааст. Ин навъи пумбадона аз ҳаргуна ҳашарот ва борон осеб намебинад. Ҳамчунин нашъу намои хуб карда, ҳолисили зиёд ҳам дорад. Имсол дар назар аст, ки беш аз 50 ҳазор гектар пахтаи зери плёнка кишт шавад”,-хабар медиҳад манбаъ.
Баҳодур Ҳасанзода афзуд, ки ният дорем, ки майдони кишти пахтара аз нақша барзиёд иҷро кунем.
Соли сипаришуда пахтакорони вилояти Хатлон зиёда аз 265 ҳазор тонна пахта ҷамъовари карданд, ки ин аз нақша барзиёд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ