Рушди назарраси саноати Тоҷикистон дар оғози соли 2026
Моҳҳои январ-феврали соли 2026 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 10 миллиарду 543 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин Агентӣ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар ду моҳи соли 2026 рушди соҳа асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳаҷми истеҳсолот дар бахшҳои саноати истихроҷ 1,9 фоиз, саноати коркард 26,3 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,1 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 23 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳамчунин, моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар ҷумҳурӣ 3954 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият намуданд, ки аз ин 365 адад ба соҳаи саноати истихроҷ, 3416 адад ба саноати коркард, 72 адад ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 101 адад ба таъминоти об ва коркарди партовҳо рост меоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ