Ташхиси ройгони тиббӣ барои сокинони Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар доираи Ҳафтаи саломатӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, аз 6 то 10 апрел дар саросари кишвар ташхис ва муоинаи ройгони тиббӣ баргузор мегардад.

Дар ин рӯзҳо мутахассисони соҳаи тиб бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба сокинон хизмати ройгон расонида, машваратҳои пизишкӣ пешниҳод мекунанд.

Чорабинӣ 6 апрел дар Муассисаи давлатии “Клиникаи Мансуров” оғоз шуда, шаҳрвандон метавонанд аз субҳи барвақт барои гузаштан аз ташхис ва гирифтани машварати ройгон ба ин муассиса муроҷиат намоянд.
Рӯзи 7 апрел сокинони шаҳри Душанбе, инчунин вилоятҳои Суғд ва Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ метавонанд ба муассисаҳои тиббии маҳалли зисти худ рафта, аз ташхиси ройгон баҳра бардоранд.
Барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин иқдом рӯзи 8 апрел баргузор мешавад.

Бояд зикр кард, ки чунин ташаббус ҳар сол роҳандозӣ гардида, имкони дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббиро фароҳам меорад. Ин иқдом махсусан барои онҳое муҳим аст, ки имкони пардохти хароҷоти ташхис ва муоинаи тиббиро надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *