«Истиқлол» дар финали Ҷоми КФО-2017!

Чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ҷавобии байниминтақавӣ бо тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустон   дар меҳмонӣ мусовӣ – 2:2 карда, дар ҳисоби умуми  ғолиб ва омад ва ба даври ҳалкунандаи Ҷоми КФО-2017 роҳхат гирифт! Дар бозии финалӣ футболбозони тоҷик бо ғолиби ҳозираи мусобиқаи мазкур дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Бозӣ, ки 18 октябр дар варзишгоҳи «Кантерава» -и Бангалор барпо шуд, барои ҳар ду даста аҳамияти бузург дошт. Аммо шонси «Истиқлол», ки бозии аввалро дар Душанбе бо ҳисоби 3:0 бурдааст, бештар буд. Ҳисоб дар интиҳои бозӣ бо задани зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра аз ҷониби Нуриддин Давронов кушода шуд. Дар майдончаи ҷаримавӣ дарвозабони ҳиндуҳо ҳамлагари меҳмонон Фатҳулло Фатҳуллоевро зада афтонд.  Пас аз бист дақиқа соҳибони майдон ҳисобро баробар карданд.

Ду голи дигар дар қиси дуюми бозӣ зада шуд. Дар дақиқаи 56-ум легионери руси душанбегиҳо Дмитрий Барков партофти хуби Манучеҳр Ҷалиловро бо сараш  вориди дарвозаи Никола Стошич намуд.

Дар ин вохӯрӣ боз як зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра ба қайд гирифта шуд. Ин голро капитани мизбонон Сунил Четри ба ҳадаф расонд. Бозии финалии «Истиқлол» бо «Эйр Форс»-и Ироқ 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *