Истиқболи Тоҷикистон аз оташбаси Эрону ИМА

Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз иқдоми оташбаси дуҳафтаинаи ҷанг, ки байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст омадаанд, изҳорот нашр намуда, аз ин иқдом истиқболи Ҷумҳурии Тоҷикистонро иброз намуд.

Дар изҳороти ВКХ, ки имрӯз, 8 апрел дар сомонаи Вазорат нашр шуд омадааст:

“Ҷумҳурии Тоҷикистон созишҳоро вобаста ба оташбас, ки байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст омадаанд, бо хушнудӣ истиқбол менамояд.

Умедворем, ки музокираҳои дар рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонанд.

Боварӣ дорем, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад расонд.

Тоҷикистон бори дигар аз тарафҳои низоъ даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи СММ ба кор гиранд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *