“Истиқлол” – маҷмааи муосири тандурустӣ дар хизмати мардум
Сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи таҳкими давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва бунёди садҳо иншооти ҳаётан муҳим гардид. Дар ин марҳилаи таърихӣ соҳаи тандурустӣ низ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои ташхису табобати аҳолӣ муассисаҳои нав, марказҳои махсусгардонидашуда ва беморхонаҳои дорои имкониятҳои муосир бунёд шуданд.
Маҷмааи бисёрсоҳа бо имкониятҳои фарох
Яке аз дастовардҳои муҳим дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд кардан ва ба истифода додани Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мебошад. Ин маҷмааи бузурги тиббӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, 4-уми марти соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯз он на танҳо яке аз калонтарин муассисаҳои табобатии мамлакат, балки маркази муҳими ташхисӣ, ҷарроҳӣ, илмӣ ва таълимии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бунёди Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» намунаи равшани сиёсати иҷтимоии давлат аст, ки дар меҳвари он ҳифзи саломатии инсон, беҳтар намудани сифати зиндагии мардум ва дастрас гардонидани хизматрасонии баландихтисоси тиббӣ қарор дорад. Дар шароите, ки қаблан барои анҷом додани баъзе ташхисҳо ё амалиёти мураккаб беморон маҷбур мешуданд ба муассисаҳои гуногун ё ҳатто ба хориҷи кишвар муроҷиат намоянд, имрӯз дар доираи як маҷмаа имконияти ташхис, муолиҷа, ҷарроҳӣ ва барқарорсозии саломатӣ фароҳам оварда шудааст.
Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мутобиқ ба талаботи тиби муосир ва стандартҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Он дорои ташхисгоҳу озмоишгоҳҳои замонавӣ ва 650 кати табобатӣ мебошад. Дар сохтори муассиса бахшҳои хизматрасонии тиббӣ ба калонсолон, ҷарроҳии кӯдакон, бемориҳои соматикии кӯдакон, таваллудхона, шуъбаҳои наҷот ва муолиҷаи оҷил, Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ, Маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ ва дигар воҳидҳои муҳим фаъолият мекунанд.
Бартарии муҳими маҷмаа дар бисёрсоҳа будани он зоҳир мегардад. Бемороне, ки гирифтори ҳолатҳои вазнин ё бемориҳои мураккаб мебошанд, метавонанд дар як муассиса аз машварати ҳамзамони ҷарроҳон, табибони бемориҳои дарунӣ, дилшиносон, асабшиносон, эҳёгарон, урологҳо, осебшиносон, мутахассисони ташхис ва дигар соҳаҳо баҳравар гарданд. Ин тартиб вақти беморро сарфа намуда, имкон медиҳад, ки ташхис дақиқтар ва нақшаи табобат бо иштироки гурӯҳи мутахассисон муайян карда шавад.
Имрӯз дар сохторҳои маҷмаа садҳо табиб, зиёда аз ҳазор ҳамшираи тиббӣ, кормандони хурди тиб ва мутахассисони маъмуриву техникӣ фаъолият мекунанд. Дар байни онҳо шумораи ҷавонон низ назаррас буда, ин ҳолат аз ташаккул ёфтани насли нави табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ шаҳодат медиҳад. Иқтидори касбӣ, дониш, таҷриба ва садоқати ҳайати муассиса асоси комёбиҳои он ба ҳисоб меравад.
Ҳамасола то 70 ҳазор нафар барои гирифтани хизматрасонии машваратӣ ва ташхисӣ ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» муроҷиат мекунанд. Аз 40 то 45 ҳазор бемор дар шуъбаҳои гуногуни он бистарӣ гардида, муолиҷа мегиранд. Дар як сол аз ҷониби мутахассисони муассиса зиёда аз 10 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешавад, ки тақрибан 4 ҳазори он бо истифода аз технологияҳои каминвазивӣ анҷом меёбад. Дар таваллудхонаи маҷмаа низ ҳамасола то 10 ҳазор кӯдак ба дунё меоянд. Ин нишондиҳандаҳо аз иқтидори муассиса ва эътимоди мардум ба табибони он дарак медиҳанд.

Таҷҳизоти муосир – асоси ташхиси дақиқ
Тиби имрӯзаро бидуни истифодаи таҷҳизоти дақиқу технологияи баланд тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо дастгоҳҳои истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Олмон, Ҷопон, Италия, Чин ва Русия муҷаҳҳаз мебошад. Танҳо дар солҳои 2020-2025 ба муассиса 25 номгӯй таҷҳизоти нави ташхисиву табобатӣ ворид ва насб гардидааст.
Дар Маркази ташхиси маҷмаа томографияи магнитӣ-резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, маммография, денситометрия ва навъҳои гуногуни ташхиси лабораторӣ ба роҳ монда шудаанд. Озмоишгоҳи клиникӣ метавонад дар як вақт даҳҳо таҳқиқоти клиникӣ ва биохимиявиро бо дақиқии баланд анҷом диҳад. Ин имконият барои сари вақт муайян кардани бемориҳо, пешгирӣ аз оризаҳо ва интихоби усули самараноки табобат аҳамияти калон дорад.
Тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ ба он мусоидат кардааст, ки шумораи зиёди шаҳрвандон барои ташхис ё муолиҷаи мураккаб дигар эҳтиёҷи рафтан ба хориҷи кишварро надошта бошанд. Имрӯз бисёр хизматрасониҳое, ки қаблан танҳо дар марказҳои пешрафтаи хориҷӣ дастрас буданд, дар дохили мамлакат ва аз ҷониби мутахассисони тоҷик анҷом дода мешаванд.
Пешсаф дар ҷарроҳии каминвазивӣ
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» рушди ҷарроҳии каминвазивӣ мебошад. Ин навъи ҷарроҳӣ тавассути буриши хурд ё роҳҳои табиии узвҳо анҷом дода шуда, ба кам шудани осеби ҷисмонӣ, дарди баъдиамалиётӣ, талафоти хун ва муҳлати бистарӣ гардидан мусоидат мекунад.
Ҷарроҳихонаҳои муассиса бо таҷҳизоти эндоскопӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои ширкати маъруфи олмонии «Karl Storz» таъмин шудаанд. Дар онҳо амалиёти узвҳои батн, қафаси сина, буғумҳо ва дигар узвҳо бо усулҳои муосир анҷом дода мешаванд.
Натиҷаҳои бадастомада дар шуъбаи ҷарроҳии батн махсусан назаррасанд. Агар солҳои 2016-2017 ҳамагӣ 34 дарсади амалиётҳо бо усули каминвазивӣ анҷом дода мешуданд, соли 2026 ин нишондиҳанда ба 88,6 дарсад расид. Ин афзоиш далели рушди босуръати технологияҳои муосир ва баланд шудани сатҳи касбии мутахассисон мебошад.
Бори аввал дар ҷумҳурӣ дар маҷмаа амалиёти холедохоскопияи антеградӣ барои хориҷ намудани сангҳои маҷрои умумӣ ва роҳҳои талхабарори дохили ҷигар ҷорӣ гардид. Афзалияти чунин амалиёт дар он аст, ки сангҳо бо истифода аз технологияҳои эндоҷарроҳӣ бартараф шуда, бемор дар муҳлати кӯтоҳ барқарор мегардад.
Ҷарроҳии дил – умед барои садҳо бемор
Дастовардҳои Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар соҳаи ҷарроҳии дил низ қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Дар муассиса як қатор амалиёти нодир, ки қаблан дар мамлакат анҷом дода намешуданд, бомуваффақият роҳандозӣ шудаанд. Мутахассисони шуъба дар марказҳои пешрафтаи Ҷопон, Олмон, Эрон ва Русия такмили ихтисос гузашта, бо ҷарроҳони кишварҳои дигар таҷриба иваз намудаанд.
Имрӯз дар маҷмаа шунтгузории ду ва се шараёни коронарӣ, иваз кардани даричаи дил дар якҷоягӣ бо шунтгузорӣ, ислоҳи нуқсонҳои модарзодии дил ва дигар амалиёти мураккаб анҷом дода мешаванд.
Дар доираи иқдомҳои иҷтимоӣ ҳамасола садҳо кӯдаки гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил аз оилаҳои ниёзманд ба таври ройгон ҷарроҳӣ мешаванд. Ин тадбир на танҳо ҷони кӯдаконро наҷот медиҳад, балки ба волидайни онҳо умеду бовар мебахшад. Он намунаи равшани пайванди сиёсати иҷтимоӣ бо имкониятҳои тиби баландтехнологӣ мебошад.
Дар шуъбаи ҷарроҳии эндоваскулярӣ низ амалиёти мураккаб тавассути таҷҳизоти ангиографӣ анҷом дода мешаванд. Стентгузории рагҳои дил, аорта, шараёнҳои гурда ва мағзи сар, гузоштани электрокардиостимулятор, табобати нуқсонҳои модарзодӣ дар навзодон ва дигар усулҳои инноватсионӣ аз ҷумлаи хизматрасониҳои ин бахш мебошанд.
Пешрафт дар нейроҷарроҳӣ ва даруннигарӣ
Дар шуъбаи ҷарроҳии асаб усулҳои муосири микроҷарроҳӣ, эндоскопӣ ва эндоваскулярӣ ҷорӣ гардидаанд. Краниопластика бо истифода аз пластинкаҳои титанӣ, хориҷ намудани омосҳои майнаи сар, клипгузории аневризмаҳо, фиксатсияи сутунмуҳра, табобати ҷарроҳии инсултҳои вазнин ва амалиёти чурраи байнимуҳравӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки мутахассисони ин бахш анҷом медиҳанд.
Дар шуъбаи даруннигарӣ низ роҳҳои нави ташхису табобат ба роҳ монда шудаанд. Папиллосфинктеротомия, табобати эндоскопии ахалазияи сурхрӯда, боздоштани хунравиҳои узвҳои ҳозима ва бартараф кардани полипҳои рӯдаи ғафс имкон медиҳанд, ки бисёр бемориҳо бе ҷарроҳии кушода муолиҷа карда шаванд. Ин усулҳо муҳлати бистаришавии беморонро кӯтоҳ намуда, хатари оризаҳоро кам мекунанд.
Маркази нодири ҷарроҳии қафаси сина
Шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳои хунгарди калонсолон ба яке аз марказҳои муҳими махсусгардонидашудаи ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо амалиёти трахеопластика барои барқарор намудани роҳҳои нафас, тармими сурхрӯда ҳангоми тангшавиҳои баъди сӯхтагии кимиёвӣ ва дигар ҷарроҳиҳои сатҳи баланд иҷро мешаванд.
Мавҷудияти чунин шуъба имкон медиҳад, ки беморон аз тамоми минтақаҳои кишвар барои гирифтани ёрии махсусгардонидашуда ба Душанбе муроҷиат намоянд ва дар дохили Ватан табобат гиранд.
Таваҷҷуҳи махсус ба кӯдакон
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба ҳифзи саломатии кӯдакон аҳамияти махсус дода мешавад.
Бо дастгирии сиёсати давлатӣ оид ба рушди ҷарроҳии дил ва ба туфайли тайёрии касбии мутахассисон, дар маҷмаа як қатор амалиётҳои нодир, ки қаблан дар ҷумҳурӣ анҷом дода намешуданд, бори аввал бомуваффақият иҷро гардиданд. Мутахассисони шуъбаи ҷарроҳии дил, ки дар марказњои пешрафтаи тиббии Ҷопон, Олмон, Эрон ва Федератсияи Россия такмили ихтисос гузаштаанд, дар ҳамкорӣ бо ҷарроҳони Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Корея амалиётҳои нодирро азхуд намуданд.
Ин дастовардҳо ба он мусоидат намуданд, ки беморони вазнини дилу рагҳо имрӯз дар Ватан ва бо сатњи байналмилалӣ табобат гиранд. Дар доираи сиёсати иљтимоии давлат ва иқдомҳои инсондӯстонаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамасола садҳо кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил аз оилаҳои ниёзманд ба таври ройгон аз амалиёти мураккаби љарроњии дил баҳравар мегарданд. Ин ташабус намунаи равшани таваљљуњи пайвастаи давлату Ҳукумат ба ҳифзи саломатии насли наврас ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва урологияи кӯдакон усулҳои нави ташхису табобати нуқсонҳои модарзодӣ, бемориҳои роҳҳои пешоб, сурхрӯда, рӯдаи ғафс ва қафаси сина ҷорӣ шудаанд.
Бартараф намудани рефлюкси везикоуретералӣ, табобати масонаи нейрогенӣ, стентгузории уретер, хориҷ намудани сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб, ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии роҳҳои пешоббарор ва амалиёти лазерӣ аз ҷумлаи дастовардҳои шуъбаи урологияи кӯдакон мебошанд.
Дар бахши ҷарроҳии навзодон амалиёти мураккаб барои табобати атрезияи модарзодии сурхрӯда ва бемории Ҳиршпрунг ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин таҷҳизоти ватании ислоҳи деформатсияи қафаси сина таҳия шуда, соҳиби патент гардидааст. Ин дастовард нишон медиҳад, ки маҷмаа на танҳо технологияҳои хориҷиро истифода мебарад, балки барои рушди ихтироъкорӣ ва эҷоди технологияҳои ватанӣ низ саҳм мегузорад.
Барқарор намудани ҳаракат ва сифати зиндагӣ
Дар шуъбаи осебшиносӣ ва раддодӣ амалиёти муосири артроскопӣ ва эндопротезкунии буғумҳо анҷом дода мешавад. Пластикаи пайвандакҳои салибшакли буғуми зону, реконструксияи артроскопӣ ва иваз намудани пурраи буғуми зону бо протезҳои замонавӣ барои барқарор намудани ҳаракати беморон аҳамияти бузург доранд.
Ба шарофати истифодаи технологияҳои камосеб муҳлати барқароршавии беморон се-чор баробар кӯтоҳ гардида, онҳо метавонанд зудтар ба зиндагии маъмулӣ ва фаъолияти меҳнатӣ баргарданд.
Илм, таълим ва омодасозии мутахассисон
Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» танҳо муассисаи табобатӣ нест. Он ба маркази муҳими илмиву таълимии мамлакат табдил ёфтааст. Дар муассиса докторону номзадҳои илмҳои тиб, профессор, кормандони шоиста ва дорандагони мукофотҳои давлатӣ фаъолият мекунанд. Ҳузури мутахассисони соҳибунвон барои омӯхтани бемориҳои мураккаб, таҳияи усулҳои нави табобат ва тарбияи кадрҳои ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад.
«Истиқлол» нахустин муассисаи табобатии кишвар мебошад, ки маҷаллаи илмии махсуси худро бо номи «Паёми Истиқлол» таъсис додааст. Дар ин нашрия натиҷаҳои таҳқиқоти олимону табибон, усулҳои инноватсионии табобат ва таҷрибаи пешқадами тиббӣ нашр мешаванд.
Дар даҳ соли фаъолият кормандони муассиса 10 монография, 72 дастури таълимию методӣ, 28 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 282 фишурдаи илмӣ ва 6 навоварии илмӣ-амалӣ таҳия кардаанд. Ҳамчунин 3 рисолаи докторӣ ва 5 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст.
Дар заминаи маҷмаа 21 кафедраи муассисаҳои олии таълимии соҳаи тиб фаъолият мекунанд. Донишҷӯён, табибони ҷавон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дар ин ҷо донишҳои назариявиро бо таҷрибаи амалӣ пайваст менамоянд. Маркази таълимию тамринӣ бошад, барои баланд бардоштани малакаи табибон, ҳамшираҳои тиббӣ ва дигар кормандон хизмат мекунад.
Тайи солҳои фаъолият 120 нафар табиби маҷмаа дар муассисаҳои тиббии Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус ва дигар кишварҳо такмили ихтисос гузаштаанд. Баъди бозгашт онҳо дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро дар амал татбиқ намуда, усулҳои нави ҷарроҳӣ ва табобатро роҳандозӣ кардаанд.



Ёрии таъҷилӣ – ҳамеша дар канори мардум
Имрӯз яке аз афзалиятњои асосии соҳаи тандурустӣ таъмини сарвақтӣ ва босифати ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад. Дар назди Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Маркази ёрии таъҷилии бо 38 автомашинаи махсусгардонидашуда шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Кормандони он ба сокинони шаҳри Душанбе дар ҳолатҳои садама, бемориҳои шадид, осеб, сактаи дил, инсулт ва дигар вазъиятҳои фаврӣ кумак мерасонанд.
Бояд қайд намуд, ки дар давоми солњои 2022-2022 бо дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа – Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шумораи мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ аз 25 ба 38 адад расонида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъмини сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири саривақтии нақлиёт бемамониат сурат мегиранд.
Ин имконият медиҳад, ки кумаки аввалияи тиббӣ сари вақт расонида шуда, бемор дар шароити бехатар ба муассисаи табобатӣ интиқол дода шавад. Дар шароити имрӯза расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар гардида, сифати хизматрасонии тиббӣ дар пойтахт боло рафтааст.


«Истиқлол» – рамзи ғамхорӣ ба инсон
Дар давоми даҳ соли фаъолият Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба яке аз рамзҳои созандагии даврони соҳибистиқлолӣ табдил ёфт. Дар ин муассиса садҳо ҳазор шаҳрванд аз ташхису табобат баҳравар гардида, ҳазорон амалиёти мураккабе анҷом дода шуданд, ки замоне танҳо дар хориҷи кишвар имконпазир буданд.
Арзиши асосии ин дастовардҳо танҳо дар шумораи катҳо, дастгоҳҳо ё амалиётҳо ифода намеёбад. Муҳимтар аз ҳама, паси ҳар рақам сарнавишти инсон, шифои бемор, саломатии кӯдак, оромии модар ва умеди як оила қарор дорад. Ҳар амалиёти муваффақ, ҳар ташхиси саривақтӣ ва ҳар кӯдаке, ки сиҳату саломат ба дунё меояд, натиҷаи меҳнати шабонарӯзии табибону ҳамшираҳо ва кормандони муассиса мебошад.
Коллективи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоёни меҳнатӣ, илмӣ ва амалӣ пешвоз мегиранд. Кормандони маҷмаа ният доранд минбаъд низ ҷорӣ намудани технологияҳои тиббӣ ва рақамӣ, рушди ҷарроҳии баландтехнологӣ, такмили ихтисоси мутахассисон, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониро идома диҳанд.
Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» имрӯз далели равшани он аст, ки истиқлоли давлатӣ барои рушди тиби миллӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва фароҳам овардани шароити арзандаи табобат чӣ гуна имкониятҳои бузург ба вуҷуд овардааст. Ин муассиса бо номи муқаддаси «Истиқлол» минбаъд низ дар роҳи ҳифзи саломатии мардум, рушди илми тиб ва тарбияи мутахассисони ҷавон хизмат хоҳад кард.
Хуршед РУСТАМЗОДА,
директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»,
номзади илмҳои тиб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ