Пешгирӣ аз воридоти гӯшти хук аз Чин ба Тоҷикистон
Мақомоти гумруки вилояти Суғд аз воридоти ғайриқонунии 1 тоннаву 70 кило гӯшти хук аз Чин ба Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд.
Ин миқдор маҳсулоти гӯштӣ моҳи апрели соли равон аз ҷониби шаҳрвандони Чин ба таври пинҳонӣ ворид карда шудааст.
Дар ин бора Эраҷ Давлатов, масъули Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд 11-уми август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Чин кӯшиш кардаанд, ки 1070 килограмм гӯшти пастсифати хукро дар шакли шӯркардашуда дар дохили қуттиҳои молу маҳсулоти ниёзи мардум пинҳон карда, ба вилояти Суғд ворид намоянд.
«Мол тариқи мошини боркаш тавассути гузаргоҳи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ ворид гардида, дар минтақаи назорати гумрукӣ, яъне дидбонгоҳи гумрукии шаҳри Хуҷанд мавриди муоинаи гумрукӣ қарор гирифт. Дар натиҷа 1070 килограмм маҳсулоти пастсифати гӯшти хук ошкор карда шуд»,- гуфт Эраҷ Давлатов.
Ба иттилои масъули Раёсати минтақавии гумрук, вобаста ба ин ҳолат бо гумони интиқоли маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест, тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ