Нусратулло Салимзода: 203 корхонаи саноатӣ қариб 487 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд

Дар шаш моҳи соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ 203 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ба маблағи 486 миллиону 996,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 129 миллиону 834,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора 11 август зимни нишасти матбуотӣ Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамчунин, раиси ноҳия хабар дод, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёду навсозии 369 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

То 1 июли соли 2026 дар ноҳия 509 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 137,9 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *