Иҷрои барзиёди нақшаи андоз дар Хатлон
Соли 2025 нақшаи андоз дар вилояти Хатлон беш аз 103 дарсад таъмин карда шуд. Аз ҳисоби барзиёд иҷро кардани нақша ба буҷет бештар аз 96 миллион сомонӣ ворид гардидааст.
Ҷурабеки Ҷумъа, сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки нақша дар соли 2025 – ум 3 миллиарду 152 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил мекард. Ӯ афзуд, ки бо бештар вохӯрӣ кардан бо андозсупорандагон нақша 103, 1 дарсад иҷро шуд, ки нисбати соли 2024 – ум 503 миллион сомонӣ бештар ворид шудааст.
“Дар соли 2025 нисбат ба нақшаи андоз 92 миллиону 200 ҳазор сомонӣ барзиёд ба буҷет ворид шудааст. Иҷрои барзиёди нақша бо бештар кардани суҳбату вохурӣ бо андозсупорандагон ва пайдо кардани манбаҳои навӣ андоз мебошад”, – таъкид кард вай.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ