Ҷоизаи пулии Президенти Тоҷикистон ба ғолибони Бозиҳои Осиёӣ-2026

Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба варзишгароне, ки дар ин мусобиқа медали тилло мегиранд, 150 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиёни онҳо 30 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Ба варзишгароне, ки ҷойи дуюмро мегиранд, 100 ҳазор сомонӣ ва ба мураббиёни онҳо 20 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Инчунин, ба варзишгароне, ки ҷойи сеюмро ба даст меоранд, 50 ҳазор сомонӣ дода шуда, ба мураббиёни онҳо 10 ҳазор сомонӣ мукофот дода мешавад. Мақсади ин иқдом ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ – 2026 мебошад.

То кунун варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ 5 медал 2-тилло,2-нуқра ва 1-биринҷӣ ба даст оварданд.

Дирӯз, 27 сентябр Шакармамад Мирмамадов дар гуштии Курайш дар рақобати ниҳоӣ дар вазни беш аз 90 кг аз ҳарифи ӯзбеки худ Шоҳруххон Бахтиёров мағлуб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *