Зикри хайри Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ ва Сайдар дар Душанбе (аксҳо)
26 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси раиси маҳфили фарҳангии «Боргоҳи сухан», адиб ва сиёсатмадор Бӯрӣ Карим маҳфили «Зикри хайр» баргузор шуд. Ин маҳфил ба гиромидошти чеҳраҳои шинохтаи илму адаб, фарҳанг ва рӯзноманигории тоҷик бахшида шуда, дар нахустин маҳфил аз забоншинос Шарофиддин Рустамов, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва адибон Лоиқ Шералӣ, Ҷонибеки Акобир, Муҳаммадраҳими Сайдар ва Абдулқодири Раҳим ёдоварӣ гардид.
Гардонандаи нишаст Бӯрӣ Карим ҳадафи баргузории «Зикри хайр»-ро зинда нигоҳ доштани хотираи шахсиятҳое унвон кард, ки дар рушди илму адаб, матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаанд.


Дар маҳфил Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, рӯзноманигорон Суҳроби Зиё, Одил Нозир ва Фирӯза Сатторӣ, ҳамчунин пажӯҳишгари афғонистонӣ Азиз Шамсулҳақ суханронӣ намуда, аз рӯзгор, осор, хислат ва ҷойгоҳи шахсиятҳои ёдшуда дар фарҳанги миллӣ ҳарф заданд.



Дар бахши фарҳангии маҳфил Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқат Саидзода суруд хонданд.
Зикр гардид, ки академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки соли равон 100-солагии эшон таҷлил мегардад, яке аз чеҳраҳои муҳимми адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ ва бедории фикрии тоҷик ба шумор меравад. Аз Лоиқ Шералӣ низ яке аз чеҳраҳои барҷастаи шеъри муосири тоҷик ёд карда шуд. Лоиқ бо шеърҳои ватандӯстона, иҷтимоӣ ва лирикии худ дар адабиёти нимаи дуюми асри ХХ ҷойгоҳи хос пайдо кардааст.
Ҷонибеки Акобир низ аз адибоне буд, ки хотирааш дар «Зикри хайр» гиромӣ дошта шуд. Ӯ Нависандаи халқии Тоҷикистон буда, солҳои зиёд дар матбуоти адабӣ фаъолият кардааст ва то поёни умр сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» буд. Маҷмуаҳои «Дунё ба умед», «Хирмани ситора», «Кӯҳистонӣ», «Пазмонӣ», «Оҳанги дареғ» ва «Қаламҳои кӯҳистонӣ» аз осори маъруфи ӯянд.
Номи Муҳаммадраҳими Сайдар низ барои «Боргоҳи сухан» бегона нест. Ин адиб ва рӯзноманигор солҳои охири ҳаёташ дар Русия кор карда, зиндагии муҳоҷирони тоҷикро инъикос мекард. Ӯ соли 2010 даргузашт. Соли 2014 «Боргоҳи сухан» ба Муҳаммадраҳими Сайдар пас аз марг «нишонаи тилоӣ» ва ҷоизаи пулии маҳфилро тақдим карда буд.
Дар маҳфили рӯзи 26 сентябр ҳамчунин аз забоншинос Шарофиддин Рустамов ва адибу рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим бо некӣ ёд шуд. Дар нишаст аз саҳми онҳо дар адабиёт, матбуот ва муҳити фарҳангии Тоҷикистон сухан рафт.
Ёдовар мешавем, ки «Боргоҳи сухан» дар муҳити фарҳангии Тоҷикистон маҳфили шинохта аст. Ин маҳфил дар солҳои душвори баъдиҷангӣ ҳамчун макони гирдиҳамоии аҳли адаб ва фарҳанг таъсис ёфтааст. Маҳфил тайи солҳо барномаҳои шеъру суруд, муаррифии китоб, маҳфилҳои ёдбуд ва нишастҳои байналмилалии фарҳангӣ доир кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ