Муассисаҳои буҷетии Тоҷикобод ба зимистон омода мешаванд
Муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод барои мавсими зимистон бо 782 тонна ангишт, 665 метри мукааб ҳезум ва 1430 литр сӯзишвории дизелӣ таъмин шудаанд.
Тавре аз мақомоти ноҳияи Тоҷикобод ба Pressa.tj хабар доданд, муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои буҷетии ноҳия бо печҳои аловӣ, буғхонаҳо, генераторҳои барқӣ ва дастгоҳҳои гармидиҳандаи барқӣ таъмин буда, ҳамаи онҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Ба иттилои масъулон, соли ҳафтум аст, ки муассисаҳои буҷетии ноҳия бо ангишти кони Камароб таъмин карда мешаванд. Имсол низ тибқи шартнома миёни муассисаҳои буҷетӣ ва кони Камароб як килограмм ангишт бо назардошти хароҷоти интиқол то ноҳия ба маблағи як сомонӣ харидорӣ шудааст.
Масъулони ноҳия мегӯянд, ки ангишти кони Камароб дуду бӯйи ғализ надошта, қобилияти гармидиҳии он низ баланд аст. Ба гуфтаи онҳо, захираи мавҷуда имкон медиҳад, ки муассисаҳои буҷетии ноҳия мавсими зимистони дарпешистодаро бидуни мушкилоти ҷиддӣ паси сар намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ