Кӯлоб: Раиси нав роҳҳои замонавӣ месозад!

Аз қадимулайём бунёди роҳ савобтарин амали инсонӣ эътироф гардидааст. Дар сӣ соли охир беш аз 20 раиси шаҳри бостонии Кӯлоб иваз гардид, вале ҳеҷ кадоми онҳо ба мисли Раҳмоналӣ Амиров ба бунёди роҳҳо, азнавсозии онҳо аҳамияту диққати ҷиддӣ надоданд. Ҳоло ҳам дар аксар ҷо мумфаршҳои бо иқдоми ӯ рехташуда мавриди истифодаанд.

Ин иқдоми наҷибонаро раиси нави шаҳр Бахтиёр Назарзода идома дода, ҳанӯз дар оғози соли 2022 гуфт, ки баробари бунёди корхонаҳои саноатӣ дар панҷ соли оянда, имсол рушди роҳҳо эълон карда шудааст. Ҳама аз танбашавии нақлиёт дар назди бозори «Саховат» огоҳанд. На як бору ду бор ин масъала дар матбуоти маҳаллию марказӣ ба риштаи танқид гирифта шуд. На танҳо шаҳрсозӣ, балки мақомоти қудратӣ низ аз ҳалли он оҷиз монданд. Аммо раиси нав тадбирашро ёфт. Ба кӯчаи Чармгари поён мутахассисону техникаҳоро фиристод. Сохтмони роҳи сербари замонавӣ оғоз ёфт. Дар 850 метр аллакай корҳои асосӣ анҷом гаштанд. Имрӯз-пагоҳ онро мумфарш намуда, ба истифодабарӣ медиҳанд. Барои бунёди ин роҳ аз буҷети шаҳр кариб 2 миллион сомонӣ равона гардид. Акнун лаб-лаби сойи Тебалай аз назди пули маркази савдои Бадахшон то маҳаллаи назди идораи собиқ гази шаҳр боз сохтмону мумфаршкунии як роҳи алтернативии дигар дар назар аст. Ҳамин тариқ, худи ҳамин сол 20 километр роҳҳои байни кӯчаҳои шаҳр азнавсозӣ мегарданд.

Тазаккур бояд дод, ки идораи роҳсозии шаҳр ба дарозии 227 километр хизмат мерасонад. Аз ин 170 километраш ба азнавсозӣ эҳтиёҷ дорад. Агар барои ин корҳо порсол зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ масраф гардида бошад, пас имсол ин рақам ба зиёда аз 235 ҳазор сомонӣ хоҳад расид. Аллакай 46 ҳазор сомонии он аз худ карда шуд. Гуфтан бамаврид аст, ки дар бунёд, азнавсозӣ, нигоҳдории роҳҳо ҳамаи 43 нафар аъзои коллективи идора ҳиссаи босазову шоиста мегузоранд. Вале месазад, ки инҷо номҳои механизаторон Қосим Ашуров, Ҷамшед Раҷабов, Ибод Бозоров, Бобохон Ашуров, ронандагон Валӣ Собиров, Ҷурахон Раҷабов, Довуд Одинаев, коргарон Алишер Сафаров, Намозалӣ Пириев, Амирхон Ашуров, Саидакбар Зарифов, Хисравшо Иғболов, Бобоқул Остонақулов, Бобохон Халифаевро барои меҳнати ҳалолу садоқатмандонаашон ба некӣ ба забон овард. Маҳз ин диловарон дар иҷрои нақшаю супоришҳо саҳми арзандае мегузоранд.

Чи тавре дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуфтанд, нақшаи рушди роҳҳои маҳаллӣ барои соли равон ба тасвиб расидааст. Ва ҳамаи ният, мақсад, ормонҳо равонаи он гардонида мешаванд, ки фардо роҳҳо ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ бошанд. Ин иқдому ташаббусро сокинони шаҳр ҳам гарм истиқбол намуданд. Онҳо дар кори ҳашару шанбегиҳои ободонӣ ҳиссаашонро гузошта истодаанд.

Ҳамаи ин бошад, аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати созандагию бунёдкориҳо ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти миллии кишварамон сарчашма мегиранд.

Нурулло ҲАСАНОВ,

рӯзноманигор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.