КҲФ: Ҷасади се ҷавонро аз обанбори Норак берун кардааст

Шаби 21 декабр тахминан соати 01:30 қаиқи муҳаррикдоре, ки 6 нафар сокинони шаҳри Норак ва як нафар сокини ноҳияи Ёвон мехостанд ба воситаи он аз тарафи ҷамоати деҳоти Дуконӣ ба тарафи деҳаи Гирдоби ҷамоати деҳоти Пули Сангин гузаранд, ки ҳангоми гузаштан дар наздикии соҳил қаиқ чаппа шудааст.

Дар натиҷа ҳафт нафар ба об афтода чаҳор нафар зинда худро берун кардаанд.

КҲФ, рӯйхати ин 4 нафарро нашр кардааст: Бадриддин Саидов, Назарбек Назаров, Холмирзо Ҳақбердиев ҷавонони 30-сола ва Босит Саидови 28-сола, ҳама сокинони шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Гирдоб будаанд.

Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар Хатлон ҷасадҳои ғарқшудагонро аз об бароварда ба мақомоти дахлдор супоридааст.

Кумита аз шаҳрвандоне, ки дар ин дарё ба қаиқронӣ машғул мебошанд, хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои бехатарии қаиқрониро риоя карда, қаиқҳои худро бехатар ва муносиб ба фасли зимистон кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *