Марги генерали Либия дар садамаи ҳавопаймое дар Туркия

Ҳавопаймои шахсии Фармондеҳи аршади Либия Муҳаммадали ал- Аҳдод дар наздикии Анқара ба садама дучор шудааст, ки дар натиҷа ӯ ва чаҳор низомии балндапоя ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.

Дар ин бора вазири корҳои дохилии Туркия Али Йерликая дар шабаки иҷтимоии “Х” хабар додааст.

“Пораҳои ҳавопаймое, ки аз фурудгоҳи Эсенбогаи Анқара ба сӯи Тароблус  парвоз карда буд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо дар 2 километр ҷануби деҳаи Кесиккавак, дар ноҳияи Ҳаймана пайдо карда шуданд”, – изҳор дошт Йерликая.

Муҳаммадали ал- Аҳдод рӯзи сешанбе пас аз андаке бархостани ҳавопаймои шахсиаш аз фурудгоҳи шаҳри Анқара ба садама дучор шудааст. Дар дохили ҳавопаймо ба ғайр аз худаш боз чаҳор низоми аршад буданд, ки ҳамаашон ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Туркия сабаби сонеҳаро нақзи фаннӣ арзиёби кардааст.

Пас аз сарнагунии Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 ин кишвари арабӣ дучори бӯҳрони сиёсӣ гардид ва ҷанги дохилӣ сарзад. Либия аз як кишвари пешфтаи арабӣ ба кишвари фақир ва ҷангзада табдил гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *