Кӯшониён:Панҷ оила бист сол дар ҳаволаи тақдир

Беш аз ду даҳсола аст, ки панҷ оила дар ноҳияи Кӯшониён дар шароити ногувор зиндагӣ доранд. Деҳаи онҳо соли 1999 ташкил шуда, мутаассифона, то ҳол на барқ доранду на роҳ. Дурӣ аз мактаб ва муассисаҳои тиббӣ вазъи зиндагии онҳоро боз ҳам мушкилтар кардааст.

Ҳанӯз соли 1999, дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш хонаҳои чанде аз сокинони деҳаи Дӯстии ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён пурра нобуд шуданд. Роҳбарони собиқ панҷ оиларо се километр дуртар аз деҳаи Дӯстӣ бо замин барои бунёди хона таъмин намуданд. То ҷойи зисти нави онҳо кашидани хати барқ, бунёди роҳ ва сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар назар буд. Аммо мутаассифона, беш аз 20 сол аст, ки сарнавишти онҳо ҳавола ба тақдир асту касе аз масъулин ба додашон намерасад.

Маҳмадалӣ Одинаев, мегӯяд, мо аз вазъи зандагии хеш ва мушкили надоштани роҳ, набудани барқ, дурии мактаб ва дастраси надоштан ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ аз мақомоти маҳаллӣ сар карда, то мақомоти болоӣ муроҷиат кардем. Афсус, касе ба додамон нарасид.

“Шахсан ман аз соли 2008 навиштани аризаро ба идораҳои дахлдор шурӯъ кардам. Чанд маротиба гурӯҳҳои корӣ омада диданд ва гуфтанд, ки ҳатман шуморо ба ҷойи нисбатан обод мекӯчонем. Мутаассифона, беш аз даҳ сол аст, ки чунин мегӯянду мераванд. Ба қавле аз санг садо ҳасту аз мақомот не. Ман омӯзгорам дар зимистон  вақти ба мактаб меравам муза мепӯшам. Вақте ба деҳа расидам, баъд пойафзоламро иваз мекунам. Дар зимистон роҳ пур аз лой аст. Ягон таксӣ барои овардани лавозимоти рӯзгор гапамонро намегирад. Агар розӣ ҳам шавад, бо пули кам не, албатта”, — афзуд вай.

Санавбар Одинаева, модари хонавода афзуд, соли 2016 бо супориши Азим Иброҳим, муовини собиқи Сарвазир, Ҷаббори Ғаффор, раиси собиқи ноҳияи Кӯшониён, вазифадор карда шуд, ки моро бо замин дар дигар мавзеъ таъмин кунад. Вале намедонам барои чӣ супоришро ичро накарданд, — гуфт ӯ.

— Дар вақти раисии Ҷаббори Ғаффар ба ғайр аз муроҷиатҳои шифоҳи дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон боз 10 ариза навиштам. Вале ваъда карданду амал не. Аз дурии роҳ ду фарзандам аз таҳсил комилан дур монданд.  Ҳоло як фарзанду як набераам дар мактаб мехонанд. Роҳ то мактаб се километр аст. Дар зимистон вақти баргаштан аз мактаб ҳаво торик мешавад. Чанд маротиба сагҳои дайду ба онҳо ҳамла карданд. Хушбахтона, ба онҳо осеб нарасид.    

Санавбар Одинаева, дар суҳбат бо “Тоҷикистон” гуфт, Оқил Оқилов сарвазири собиқи кишвар Ғайбулло Авзалов, раиси собиқи вилояти Хатлонро низ вазифадор карда буд, ки моро дар наздикии деҳаҳои атроф бо замин таъмин кунад. Мутаассифона, ин супориш ҳам иҷро нашуд, — афзуд вай.

Аз шабакаҳои барқи ноҳияи Кӯшониён тасдиқ карданд, ки деҳаи Дӯстӣ беш аз 20-сол боз барқ надорад. Дар кашидани хати барқ қариб 20 симчуб ва чор ҳазор метр сим лозим аст. Кашидани хати барқ ба зимаи мо нест. Барои амали кардани ин тарҳ мақомоти маҳаллӣ бояд маблағ ҷудо намояд.

Дар ҳамин ҳол Қурбонзода Абдуҷаббор, раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён дар суҳбати бидуни сабт гуфт, дар ҳақиқат аз соли 1999 ин панҷ оила дар шароити вазнин зиндагӣ доранд. Чанд маротиба ба мо муроҷиат карданд. На роҳу на барқ доранд. Аммо ба ин оилаҳо ягон гуна кумак карда натавонистем,-афзуд ӯ.

“Мушкили онҳоро танҳо роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ батараф мекунад. Зеро салоҳияти додани қитъаи заминро онҳо доранд, на мо. Хуб мешавад дар дигар мавзеъ бо замин таъмин шаванд”,-таъкид кард вай.

Вализода Икромиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён ахиран дар нишасти матбуотии хеш иддао кард, ки давоми сол мушкили ин оилаҳо бартараф мекунад.  Ӯ гуфт, раиси ҷамоатро дастур додем, то ба онҳо ҷойҳои алтернативиро пешниҳод кунад. Аммо то имрӯз ба ягон хулосаи аниқ наомадаем, — таъкид кард вай. Кашидани хати барқ ва бунёди роҳ дар онҷо осон нест. 

“Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала муроҷиат кардаем. Ваъда медиҳем, ки то охири сол ин мушкилиро бартараф мекунем”, — гуфт ӯ.

Бо гузашти беш аз ду даҳсола, мутаассифона, ҳамоно мушкили панҷ оила ҳавола ба тақдир аст. Ба қавле дар ин бист сол аз санг садо буд ва аз мақомот не. 

Машраби Аловиддин,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *