КДАМ: Ихроҷи бархе шаҳрвандони Афғонистон ба далели нақзи қонун сурат гирифт

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун, ки 9 майи соли 2026 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида буд, посух дод.

Дар баёнияи КДАМ гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори зиндагии осоишта, амният ва пешрафти мардуми дӯсту ҳамҷавори Афғонистон буда, ҳамеша аз минбарҳои байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли буҳрони Афғонистон ва барқарории сулҳи пойдор дар он кишвар даъват менамояд.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон тайи 35 соли охир барои се насли шаҳрвандони Афғонистон ба Ватани дуюм табдил ёфта, ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо эҳтиром гузоштааст. Айни замон даҳҳо ҳазор шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дошта, бо шароити муносиб таъмин мебошанд.

Бо ин вуҷуд, КДАМ таъкид кардааст, ки иддае аз шаҳрвандони Афғонистон талаботи қонунгузории Тоҷикистонро дағалона вайрон намудаанд. Аз ҷумла, 670 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, 32 ҳолати пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, 15 ҳолати ҳаракатҳои зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғон, 594 ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои гирифтани мақоми паноҳандагӣ, 45 ҳолати ташкили марказҳои дилхушӣ ва қиморбозӣ ва 25 ҳолати алоқамандӣ бо созмонҳои тахрибӣ сабаби ихроҷи бархе аз шаҳрвандон гардидааст.

Дар изҳорот ҳамчунин ба ҳодисаи пурсарусадои охир ишора шудааст. Гуфта мешавад, шаҳрванди Афғонистон Раҳмони Муҳаммадумар шоми 30 апрели соли 2026 сокини маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд Воҳидова Азиза Донёрбековнаро бо бераҳмии махсус ба қатл расондааст.

Ба таъкиди КДАМ, чунин ҷиноятҳо ва аъмоли хатарнок, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд, мақомоти марбутаро водор сохтанд, барои таъмини волоияти қонун ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ҳамин ҳол, КДАМ мегӯяд, беш аз 10 ҳазор хонаводаи афғон, ки қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистонро риоя мекунанд, дар кишвар оромона зиндагӣ дошта, аз тамоми имконоту имтиёзҳо бархӯрдоранд.

Дар анҷом Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ таъкид кардааст, ки муроҷиати Муҳаммад Ҳаким Турсун пурра мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор хоҳад гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *