Ҷаримаи 21 нафар дар Кӯшониён

Дар ноҳияи Кӯшониён барои саривақт тоза накардани партовгоҳҳои муваққатӣ 21 нафар ҷарима шудаанд. Дар ин миён шахсони масъули ташкилоту идораҳо ҳам ҳастанд.

Манучеҳр Маҳмадзода, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Кӯшониён ба Pressa.tj гуфт, ки нисбати 21 нафар дар масъалаи партов ҷарима таъин карда шуд.

Ӯ мегӯяд, дар миёни шахсони ҷарима гардида, шахсони масъули ташкилоту идора ва раисони кумитаҳои маҳалла ҳам ҳастанд.

“Роҳбари идораи коммуналии ноҳияи Кӯшониён барои саривақт накашонидани партов ба андозаи 30 нишондиҳанда ҷарима карда шудааст. Дар маҷмӯъ беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаем, ки то ҳанӯз 50 дарсади он партодх шудааст. Боқимонда ҳам пардохт хоҳад шуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *