Имзои 28 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин

Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи 647 миллион доллар ба имзо расид. Санадҳои мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҳкими робитаҳои иқтисодию технологӣ байни ду кишвар пешбинӣ шудаанд.

 Имзо ин санадҳо 11 май дар доираи сафари давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Чин бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Пекин IT дар доираи форуми  «Tajik-China Digital Business Connect» баргузор гардид.

Бино ба иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, форуми мазкур ба як платформаи муҳими ҳамкории иқтисодию технологӣ байни Тоҷикистон ва Чин табдил ёфта,  дар кори он намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ 70 ширкати соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Тоҷикистон ва зиёда аз 120 ширкати бонуфузи технологии Чин, аз ҷумла Alibaba Group, ByteDance (TikTok), BYD, Huawei, DeepSeek, Kuaishou Technology ва Lenovo иштирок намуда, имкониятҳои технологӣ, таҷриба ва дастовардҳои худро дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, инфрасохтори рақамӣ, марказҳои коркарди додаҳо (Data Center), савдои электронӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ муаррифӣ карданд.

Ҳадафи асосии Форум фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои мустақими тиҷоративу технологӣ, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои муосир, табодули донишу таҷриба, инчунин муаррифии иқтидор ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисоди рақамӣ ва инноватсия арзёбӣ гардид.

Зимни нишастҳои панелӣ ва вохӯриҳои дуҷониба ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди экосистемаи рақамӣ, тавсеаи инфрасохтори технологӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти ҳукумати электронӣ, рушди стартапҳо, таҳкими иқтидори кадрӣ ва истифодаи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *