Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардид
12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ намуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Сарвари давлатро роҳбарияти донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд. Нахуст ректори донишгоҳ Гун Сихуан қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардонидани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин боргоҳи илму маърифат эълон кард.
Бо қарори Шурои илмиву таълимии Донишгоҳи Пекин ба Президенти Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Чин, рушди робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим шаҳодатномаи профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷии унвони илмӣ супурда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз дастовардҳои илмӣ ва таълимии донишгоҳ ёдовар шуда, гуфт, ки то имрӯз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ин муассисаро хатм намуда, ҳоло 6 нафари дигар дар асоси бурсияҳои давлатии Чин дар он таҳсил доранд.
Президенти кишвар таъкид кард, ки муносибатҳои дӯстии Тоҷикистону Чин аз замони “Роҳи бузурги абрешим” сарчашма гирифта, имрӯз ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол наздики 6 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Чин таҳсил мекунанд ва беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм намудаанд.
Дар суханронӣ инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, технология, зеҳни сунъӣ, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши забону фарҳанги чинӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ