Кӯдакон аз тиреза партов партофтанду модар ҷарима

Кормандони шуъбаи экологӣ ва сайёҳии милитсияи пойтахт нисбати сокини 55-солаи шаҳри Душанбе Мушкинисо Маҳмадназарова барои риоя накардани қоидаҳои санитариву экологӣ протоколи маъмурӣ тартиб доданд.

Тавре мақомоти милитсия хабар медиҳанд, сабаби андешидани чора наворе гардид, ки аз ҷониби як сокини пойтахт ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол шудааст.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки фарзандони ноболиғи ин зан бинобар бемасъулиятӣ ва беназорат мондан мунтазам партовҳои гуногуни маиширо аз тирезаи бинои баландошёна ба берун ҳаво медодаанд.

Дар натиҷа нисбати Мушкинисо Маҳмадназарова тибқи талаботи моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маъмурӣ андешида шудааст.

Мақомоти милитсия таъкид мекунанд, ки партофтани партовҳо дар ҷойҳои номуайян, бахусус аз тирезаи биноҳо ва ё аз дохили нақлиёт, боиси ифлосшавии муҳити зист ва вайрон гардидани ҳолати санитариву экологии шаҳр мегардад.

Дар робита ба ин, аз шаҳрвандон даъват карда шудааст, ки ба тозагии муҳити зист бетараф набошанд ва аз амалҳое, ки боиси ифлосшавии шаҳр мешаванд, худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *