Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин бо маросими бошукуҳ оғоз шуд

Имрӯз, 12 май сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо сафороии ҷузъу томҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Чин ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ба ифтихори меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *