Кӣ мураббии соли 2026 дар Тоҷикистон мешавад?
28 сентябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни “Мурабии соли Тоҷикистон 2026” оғоз гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “PRESSA.TJ.” хабар доданд.
Дар озмуни мазкур панҷ мурабии ғолиби давраҳои минтақавӣ ва шаҳрӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат доранд. Инҳо:
– Дилрабои Ҳотамшо – мурабияи Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами №7 “Булбулакон”-и шаҳри Бохтар;
– Наргиза Ҷураева – мурабии Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Хуршеди Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд;
– Робия Давлатшоева – омӯзгор-мурабии “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хоруғ;
– Мадинаи Амрулло – мурабии Муассисаи таҳсилоти томактабии №132-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
– Саъбгул Миназарова – мурабии Муассисаи томактабии № 7-и шаҳри Турсунзода.
Гуфта мешавад, ки озмуни “Мурабии соли Тоҷикистон” василаест барои муаян намудани беҳтарин мураббӣ инчунин барои баланд бардоштани мақоми мурабӣ ва такмил додани маҳорати касбии кормандони соҳа, дарёфти истеъдодҳои нав ва арҷгузори мақоми мураббӣ дар ҷомеа мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии “Мурабии соли Тоҷикистон” яке аз тадбирҳое мебошад, ки барои дарёфт ва муаррифии мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор, тарғиби таврибаи пе6дагогӣ ва баланд бардоштани кормандони соҳаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ арзёби мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ