«Гулшан» меояд. Муҳиддини Музаффар силсилафилми 90-қисмата месозад

Рӯзи 13 октябр дар “Кохи Суруш”-и Душанбе нахустнамоиши фасли аввали силсилафилми нави тоҷикӣ бо номи «Гулшан» баргузор мешавад. Лоиҳа аз сӯи коргоҳи синамоофарии «Довфилм» таҳия шуда, Муҳиддини Музаффар коргардон ва таҳиягари он аст. Нақши асосиро Сумая Раҷабова, ғолиби бахши «Зебосанами маҳбуби дилҳо»-и озмуни «Зебосанами Душанбе – 2026», иҷро кардааст.
 
Коргардон чӣ мегӯяд?
Муҳиддини Музаффар дар муаррифии лоиҳаи нави худ навиштааст, ки солҳои зиёд орзу дошт силсилафилме офарад, ки тамошобини тоҷик дар он зиндагӣ, мушкилот, орзуву интихоби худро бинад.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз ангезаҳои асосии сохтани «Гулшан» он аст, ки тамошобинони тоҷик бештар ба сериалҳои хориҷӣ рӯ меоранд ва бо қаҳрамонҳову саргузаштҳои бегона зиндагӣ мекунанд. Музаффар мехоҳад қаҳрамонҳои силсилафилми нав ба зиндагии воқеии ҷомеаи Тоҷикистон наздик бошанд ва барои ҷавонон ва волидон мавзуи андеша эҷод кунанд.
Ӯ менависад, ки гурӯҳи эҷодӣ талош кардааст «Гулшан» аз ҷиҳати мазмун, тасвир ва забон тоза ва ҷолиб бошад ва онро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун як кори нави эҷодӣ пешниҳод кунад.
 
“Гулшан” аз чӣ қисса мекунад?
Меҳвари асосии «Гулшан» сарнавишти духтари ҷавонест, ки аз як деҳаи дурдаст барои таҳсил ба Душанбе меояд. Қаҳрамон дар пойтахт бо муҳити нав, орзуҳо, муҳаббат, душвориҳои зиндагӣ ва қарорҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки метавонанд тамоми сарнавишташро дигар кунанд.
Муҳиддини Музаффар ин асарро драмаи иҷтимоӣ-равонӣ номидааст. Ба гуфтаи ӯ, «Гулшан» қиссаи духтарест, ки аз таҳқиру шикаст гузашта, барои расидан ба қудрат, истиқлол ва муваффақият мубориза мебарад.  
Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа, ба гуфтаи таҳиягар, офаридани симои нави зани ҷавони тоҷик аст, духтаре, ки орзу дорад, мехонад, меомӯзад, мустақилона қарор қабул мекунад ва барои сохтани ояндаи худ талош меварзад.
 
 «Зебосанами Душанбе» дар нақши асосӣ
Нақши Гулшанро Сумая Раҷабова иҷро мекунад. Ӯ моҳи апрели соли 2026 дар озмуни «Зебосанами Душанбе – 2026» дар бахши «Зебосанами маҳбуби дилҳо» ғолиб омада, соҳиби 100 ҳазор сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ шуда буд.  Дар канори ӯ ҳунарпешагони ҷавон Фирӯзхон Амирқулов ва Муҳаммадҷон Эгамов нақш мебозанд. Ҳамчунин, дар сериал ҳунармандони собиқадор Лутфулло Давлатзода, Фирӯза Раҳмонова, Искандар Каримов, Малоҳат Абдуллоева ва Замирахон Юлдошева ҳунарнамоӣ мекунанд. Аҳмадҷон Қутбиддинзода, Шомурод Аюбзода, Ёсамин Мусоева, Фурқат Ҷомизода ва Парвиз Ашуров низ дар нақшҳои дигар иштирок доранд.  
Муҳиддини Музаффар умед дорад майдони наворгирии «Гулшан» ба мактаби таҷриба барои ҳунарпешагони ҷавон ва макони кашфи чеҳраҳои нави синамои тоҷик табдил ёбад.
 
90 қисм, ҳар кадом то 40 дақиқа
«Гулшан» аз 90 қисм иборат хоҳад буд ва ҳар қисм тақрибан 35-40 дақиқа идома мекунад. Силсилафилм ба забони тоҷикӣ таҳия шуда, баъдан ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ низ садогузорӣ хоҳад шуд.
Чор қисми аввал дар деҳаҳои ноҳияи Файзобод ва шаҳри Душанбе ба навор гирифта шудаанд. Тадвин ва коркарди ранги онҳо бо истифода аз фанновариҳои муосир дар Эрон анҷом ёфтааст. Наворбардории қисмҳои боқимонда дар солҳои 2027-2028 дар Душанбе, вилояти Хатлон ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон идома хоҳад кард.
Коргоҳи синамоофарии «Довфилм» 5 октябри соли 2023 таъсис ёфтааст. Номи он аз филми «Дов» гирифта шудааст. «Дов» дар 33 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок карда, 27 ҷоиза ба даст овардааст. Филми дигари Муҳиддини Музаффар «Моҳӣ дар шаст» низ то имрӯз дар 16 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок карда, 12 ҷоиза гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *