Файзулло Абдуллозода – нахустин вазири адлияи Тоҷикистон даргузашт

Файзулло Абдуллозода, нахустин вазири адлияи Тоҷикистон ва собиқ раиси Суди Олии иқтисодии кишвар, дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар бораи даргузашти ӯ рӯзи 29 сентябр Суди Олии Тоҷикистон хабар дод. Раиси Суди Олӣ Рустам Мирзозода ба духтари марҳум — Зебонисо Абдуллозода, раиси феълии Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон, изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Сабаб ва вақти дақиқи даргузашти Файзулло Абдуллозода то ҳол расман эълон нашудааст.
Файзулло Абдуллозода 30 октябри соли 1946 дар ноҳияи Совет, ҳоло ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, ба дунё омадааст. Ӯ соли 1973 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, баъдан фаъолияти худро дар сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳуқуқӣ оғоз кардааст.
Абдуллозода дар солҳои 1990–1993 вазири адлияи Тоҷикистон буд ва аз аввалин роҳбарони ин ниҳод дар давраи оғози истиқлоли кишвар ба шумор мерафт.
Ӯ дар солҳои минбаъда дар як қатор вазифаҳои баландпояи давлатӣ кор кардааст. Аз ҷумла, мушовири калони Президенти Тоҷикистон оид ба робита бо парлумон ва масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ ва раиси Суди конститутсионӣ буд.
Фаъолияти ӯ асосан бо ташаккул ва рушди низоми ҳуқуқӣ ва судии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол пайванд дошт.
Соли 2006 Файзулло Абдуллозода бо фармони Президенти Тоҷикистон бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи II сарфароз гардида буд.
Духтари ӯ, Зебонисо Абдуллозода, низ дар низоми судии кишвар фаъолият мекунад. Ӯ моҳи январи соли 2025 ба вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод ва баъдан интихоб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *