Барканории судяи суди Истиқлол барои «кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад»

Фарзона Ғафурзода, судяи Суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа озод шудааст. Дар фармони №1223 аз 29 сентябри соли 2026 сабаби барканории ӯ «содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад» зикр шудааст.

Дар матни фармон ҷузъиёти кирдоре, ки сабаби барканории Ғафурзода шудааст, шарҳ дода намешавад. Ҳамчунин, то замони нашри ин хабар дар манбаъҳои кушода шарҳи расмии иловагӣ дар бораи моҳияти қазия пайдо нашуд.
Фарзона Ғафурзода ба вазифаи судяи Суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо фармони президент аз 4 марти соли 2025 таъин шуда буд. Яъне ӯ тақрибан якуним сол дар вазифаи судяи Суди шаҳри Истиқлол фаъолият кардааст.
Дар бораи Фарзона Ғафурзода маълумоти мукаммали тарҷумаиҳолӣ дар манбаҳои боз дастрас нест.
Аммо аз манбаъҳои кушода маълум мешавад, ки ӯ то судя шуданаш дар низоми судӣ фаъолият доштааст. Дар чанд шумораи Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 номи «Ғафурзода Фарзона Амирҷон» ба ҳайси “ҳуруфчӣ” зикр шудааст. Баъдан, моҳи марти соли 2025, ӯ мустақиман ба вазифаи судяи Суди шаҳри Истиқлол таъин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *