Боздошти сокини Муъминобод бо гумони куштори ҳамдеҳааш
Кормандони милитсия дар ноҳияи Муъминобод як сокини 28-солаи деҳаи Дӯстиро бо гумони содир кардани ҷинояти одамкушӣ боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Ҳабибуллои Хайрулло, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Муъминобод, бо гумони содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 25 сентябри соли 2026, тахминан соати 18:00, дар маркази деҳаи Дӯстӣ рух додааст.
Гуфта мешавад, гумонбаршуда дар заминаи хусумати қаблӣ бо Бобоҷони Бобохони Зарифзод, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин деҳа, муноқиша кардааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҷабрдида ҳангоми ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.
Дар ҷараёни муноқиша, ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Ҳабибуллои Хайрулло бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синаи Бобоҷони Бобохони Зарифзод зарба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба гумонбаршуда бар асоси қисми 1-и моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Тафтиши ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ