Коҳиши сафари сайёҳон ба Дубай
Дафтари расонаҳои Дубай рӯзи 4-уми май эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷараёни даргириҳо дар Ховари Миёна, шумораи мусофирони Фурудгоҳи байнулмилалии Дубай дар моҳи март 66 дарсад коҳиш ёфта, ба 2,5 миллион нафар расидааст.
Ба гуфтаи мақомҳо, ин коҳиш натиҷаи халалдор шудани парвозҳо дар ҳарими ҳавоии минтақа ва маҳдуд шудани барномаи парвозҳо будааст.
Фурудгоҳи байналмилалии Дубай, ки аз сериздиҳомтарин фурудгоҳҳои ҷаҳон аст, дар ҷараёни ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Теҳрон чандин бор ҳадафи ҳамлаҳои паҳбодӣ ва мушакӣ қарор гирифт.
Дар се моҳи нахусти соли 2026 низ равуои мусофирон аз ин фурудгоҳ 21 дарсад коҳиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ