«IRS» – ширкати корофарин

Роҳҳо мусофиронро ба манзил мерасонанд. Роҳҳое, ки дар пайкари кӯҳҳо печида, рӯду дашту даманҳоро убур карда, деҳаҳову шаҳрҳоро ба ҳам пайванд месозанд.

Ҷодаҳо ҳамон шоҳрагҳои хунгарди сайёраи Заминанд, ки вуҷудашон амри ҳаётист. Аммо барои Тоҷикистони саросар кӯҳсор, ки дорои пайраҳаву бузраҳаи бешуморест, замоне фикри сохтани шоҳроҳҳо ба хобу хаёл мемонд. Синаи кӯҳҳоро шикофтан, сахраву харсангҳоро бардоштан ва роҳ бунёд кардан мисли афсонаи Фарҳоди кӯҳкан ба гӯш мерасид. Аммо дар 35 соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ афсона ба ҳақиқат мубаддал шуд. Шоҳроҳҳо дар пайкари кӯҳсангҳо печидаву тавассути нақбҳову водиҳо гузашта, чор сӯйи Тоҷикистонро ба ҳам оварданд.

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз он ҷумла аст, ки замоне мушкилгузару хатарнок буд ва имрӯз шоҳроҳест, ки тамоми фасли сол маркази ҷумҳуриро ба шимоли кишвар пайванд месозад. Ин роҳ дар даврони истиқлол бозсозӣ ва бисёр қитъаҳояш аз нав сохта шуд. 16 сол қабл ба хотири дар чор фасли сол дар ҳоли хуб нигоҳ доштани роҳ, тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

Кӯҳистон табиати хоси худро дорад. Кӯҳҳои сарбаланду саркаш, рӯдхонаҳои пуртуғён ҳамеша хатаре эҷод мекунанд. Гоҳе ягон қитъаи роҳро сел хароб мекунад, гоҳи дигар дар натиҷаи лағшиши кӯҳпорае роҳ банд мешавад, ҳамчунин дар натиҷаи фурӯ рафтани замин ҷода аз кор мебарояд. Дар мавсими тармафароӣ мушкили зиёд эҷод мегардад. Бартараф кардани ҳамаи ин, пешгирӣ кардани хатарҳо ва таъмин намудани ҳаракати нақлиёт дар чор фасли сол кори осон нест.

Мавқеи ҷойгиршавии роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳубини бистучаҳорсоатаро тақозо месозад. Каме беэътиноӣ ба кори роҳ метавонад мушкил болои мушкил эҷод кунад ва бехатарии нақлиёту мусофиронро зери суол барад. Аз ин рӯ, коргарони IRS дар чор фасли сол соате бекор намемонанд. Онҳо тирамоҳу зимистон мунтазам ба тоза кардани барфу бартараф сохтани тармаҳо машғуланд. Баҳору тобистон бошад, ба таҷдиду таъмири роҳ, бартараф сохтани паёмади бориши борону омадани сел, соҳилмустаҳкамкунӣ ва лағшиши кӯҳпораҳо машғул мегарданд.

Роҳи Душанбе – Чаноқ масирест, ки ҳамеша бо офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад. Мубориза бурдан бо ин офатҳо ва бартараф кардани зарари онҳо қувваи кориву хароҷоти зиёдро талаб менамояд.

Кӯҳистон қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Роҳе, ки аз бағали кӯҳҳои азим мегузарад, ба қонуни кӯҳистон тобеъ мегардад, барфу борон, тармаву лағжиши кӯҳпораҳо ва селҳои пуртуғёнро таҳаммул месозад. Aгap роҳро ба ихтиёри кӯҳ диҳӣ, дар як муддати кӯтоҳ онро вайрону валангор менамояд. Ширкати IRS ба муқобили қонунҳои нонавиштаи табиат беамон мубориза намебарад, балки харобиҳои овардаи онро бартараф сохта, роҳро сабурона таъмиру таҷдид мекунад. Дар шароити кӯҳистон барои роҳ маводи зиддилағжиш ниҳоят муҳим аст. Истифодаи ин мавод барои ҳифзи саломатии мусофирону нақлиёт амри зарурист.

Барои анҷом додани ҳаҷми азими корҳое, ки зикр шуд, ниёз ба техникаву технологияи навин аст. Ширкати IRS дорои пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, техникаву механизмҳои он ба 242 адад расид. Аммо ин шумораи ниҳоӣ нест. Барои кори босифат ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ ширкат дар оянда низ техникаву технологияҳои навтаринро харидорӣ менамояд.

IRS ширкати корофарин аст. Соли 2009 кормандони филиали он ҳамагӣ 24 нафар буданд. Имрӯз коргарони ширкат дар ин масири ҳаётан муҳим ба 872 нафар расидааст. Таъкид кардани ин нукта низ муҳим аст, ки айни ҳол бо шарофати мавҷудияти ширкат дар масири Душанбе – Чаноқ зиёда аз 5000 нафар манбаи даромад доранд ва чархи осиёби зиндагиашонро ба гардиш меоранд.

Кор кардан, ҷойеро обод намудан, дасти мадад ба дигарон дароз сохтан ба гуфтан осон аст. Барои расидан ба ҳадаф, ба зиндагии осудаву ширинтар мубориза бояд бурд. Дар ин гуна талошҳо кормандони филиали Ширкати IRS ҳамеша пешсафанд. Онҳо барои имрӯзу фардои беҳтар кору зиндагӣ мекунанд.

ВОРИС,

шоир ва журналист 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *