Тафсилоти бештари найрангҳои “Домуллои каратэ” (видео)

 Мақомоти милитсияи кишвар дар як видео оид ба боздошту найрангҳои Саидаҳмад Аҳмадов, маъруф ба “Эшони каратэ” ё “Домуллои каратэ” иттилои бештар дод.

Ба иттилои ВКД, ӯ худро шахси диндор ва табобаткунанда муаррифӣ намуда, бо истифода аз боварии шаҳрвандон занонро фиреб медодааст.

Гуфта мешавад, номбурда маълумоти расмии динӣ надошта, бо баҳонаи “табобат”, “дуохонӣ” ва “кумак” занони муроҷиаткуунандаро ба доми худ мекашид. Ба иттилои манбаъ, ӯ бо ҳамин роҳ бо зиёда аз 11 зан муносибати ғайриахлоқӣ доштааст.

Навор ва аксҳои марбут ба боздошти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ паҳн гардида, баҳси зиёдеро миёни корбарон ба вуҷуд овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *