Аз саҳнаи тоҷик то операҳои ҷаҳон. Зиндагиномаи Адҳам Холиқов (видео)

Имрӯз зодрӯзи Адҳам Холиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз маъруфтарин сарояндагони операи тоҷик аст. Ӯ 7 майи соли 1948 ба дунё омадааст.

Адҳам Холиқов соли 1970 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва соли 1979 Консерваторияи давлатии шаҳри Москваро хатм кардааст. Солҳои 1970–1980 ҳамчун сарояндаи ансамбли «Красная звезда»-и шаҳри Москва фаъолият намуда, аз соли 1980 овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Ӯ маҳорати сарояндагии худро дар академияҳои операи Италия такмил дода, бо овози нотакрор ва ҳунари баланд дар саҳнаҳои гуногун сурудҳои операвӣ ва халқиро муаррифӣ кардааст. Бо иштироки ӯ асарҳои композиторони тоҷик ва аврупоӣ ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар садо додаанд.

Адҳам Холиқов дар беш аз 30 спектакли опера нақш офарида, саҳми арзанда дар рушди санъати операи тоҷик гузоштааст. Ҳунарманди маъруф 3 июл дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *