Бархӯрди яҳудиён бо Юлдуз Усмонова

Консерти Юлдуз Усмонова, ҳунарманди шинохтаи Ӯзбекистон, ки бояд рӯзи 9-уми май дар Ню-Йорки Амрико баргузор мешуд, бо даъвои ҷомеаи яҳудиёни бухороӣ бекор шудааст.

Ин ҳунарманд бояд дар театри “Oceana”-и минтақаи Бруклини Ню-Йорк ҳунарнамоӣ мекард. Ҷомеаи яҳудиёни Бруклин Усмоноваро “яҳудиситез” номида, гуфтаанд, ки ӯ соли 2021 аз мардуми Фаластин пуштибонӣ карда буд ва талаби бекор кардани консерти ӯро карданд.

Дар ҷавоб Юлдуз Усмонова як муроҷиати видеоиеро дар саҳифааш дар Instagram нашр кард ва гуфт, ки “узрхоҳӣ намекунад”, “ӯ зидди хушунат аст” ва “Фаластин бояд озод бошад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *