Арзиши шаҳодатномаи хатм муайян шуд
Соли 2026 арзиши шаҳодатномаи хатми мактаб 9 сомонию 3 дирам муайян шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, маблағ бояд тариқи ғайринақдӣ пардохт ва расиди он ба мактаб пешниҳод гардад.
Дар ҳолати талаби маблағи аз меъёри муайяншуда зиёд хонандагон ва вилидони онҳо метавонанд ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ниҳодҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо шикоят кунанд.
Ҳамчунин, метавонанд тариқи рақамҳои 227-76-86 ба вазорат дар тамос шаванд ё дар сомонаи maorif.tj хаттӣ муроҷиат кунанд.
Ду соли охир барои дарёфти шаҳодатномаи хатм хонандагон 8 сомониву 63 дирам пардохт мекарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ