Расул Боқиев барои сохтмони “Роғун” 300 ҳазор рубл саҳм гузошт

Варзишгари маъруфи тоҷик Расул Боқиев ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии НБО “Роғун” 300 ҳазор рубл, муодили ҳудуди 37 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ кард.

Дар ин бора рӯзномаи «Паёми Душанбе» хабар дода, навиштааст, ки Расул Боқиев ин маблағро пас аз боздид аз иншооти муҳими стратегии кишвар тақдим намудааст.

Ба иттилои манбаъ, гарчанде ҳаҷми маблағ барои сохтмони “Роғун” чандон бузург нест, аммо иқдоми варзишгари шинохта намунаи равшани ватандӯстӣ ва ҳавасмандсозии ҷомеа барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин нерӯгоҳи азим арзёбӣ мешавад.

НБО “Роғун” яке аз муҳимтарин иншооти энергетикии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба таъмини истиқлоли энергетикии кишвар нақши калидӣ дорад. Солҳои охир шаҳрвандон, соҳибкорон ва шахсиятҳои маъруфи кишвар барои пешрафти сохтмони ин нерӯгоҳ саҳмгузорӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *