Мулоқоти Мавсума Муинӣ бо Аврора Берже дар Фаронса

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо вазир – ваколатдор оид ба баробарии занону мардон ва мубориза бар зидди табъиз дар Ҷумҳурии Фаронса Аврора Берже мулоқот карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, тавонмандсозии занон ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд.

Инчунин, Мавсума Муинӣ доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, кафолатҳои баробарҳуқуқии занону мардон ва қонунҳои соҳавии қабулшуда ибрози назар кард.

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи сафари кории ҳайати парламентии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба, ки рӯзҳои 4-8 май бо Парламент ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса доир гардида истодааст, доир шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *