Бунёди хона барои оилаи ниёзманд дар Левакант

Дар шаҳри Левакант барои як оилаи ниёзманд хонаи истиқоматӣ месозанд. Ин оилаи ниёзманд ду фарзанди имконияташон маҳдуд доштааст.

 Хонаи истиқоматӣ то 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ бунёд хоҳад шуд.

Мастура Муминзода, шаҳрдори Левакант зимни боздид аз вазъи зиндагии ин оилаи ниёзманд гуфтааст, ки иқдоми мавриди назар дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадафи он дастгирии ниёзмандон аст.

  Шаҳрдори Левакант масъулинро вазифадор кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷалби сарчашмаҳои иловагии молиявӣ хонаи истиқоматӣ барои оилаи ниёзманд бунёд карда шавад.

  Хона дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон” сохта мешавад.  Ин оилаи ниёзманд дар баробари шароити пасти иқтисодӣ доштан, мутаассифона, боз ду фарзанди маъюб дорад.

  Бунёди хонаи истиқомтӣ нишонаи ғамхорӣ нисбати ниёзмандон ва масъулиятшиносии масъулон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *