Ҷинояти мудҳиш дар Восеъ: Гумонбар ба таҷовуз ва қатли ноболиғ боздошт шуд

Дар ноҳияи Восеъ ноболиғ аввал таҷовуз ва баъдан ба қатл расонида шудааст. Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти гӯшношуниду даҳшатнок,  Хайриддини Қурбоналии Қодирзод, сокини 35 – солаи ҷамоати деҳоти Бобошоҳиёни ноҳияи Восеъ боздошт шудааст. 

 Мутаассифона, 29-уми апрели соли равон, ҷасади А. З. ноболиғи 10 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ аз заминҳои хоҷагӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва таҷовуз ба номус дарёфт карда шуд.

 Гумонбари бадахлоқ аз оҷизии ноболиғ истифода карда, ҳангоми аз муассисаи таълимӣ баргаштани ӯ дар ҷойи беодам наврасро қурбонии кирдорҳои бадахлоқона ва ноҷавонмардонаи худ қарор додааст.  Ӯ барои қонеъ намудани нафси шаҳвонии хеш ноболиғро тачовуз ва сипас бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

 Тибқи хулосаи пешакии экспертизаи суди тиббӣ, сабаби марги ноболиғ А. З. буғикунии механикӣ арзёбӣ мегардад.

  Феълан нисбати гумонбар дар додситонии ноҳияи Восеъ бо модаи 104 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *